Adana Adıyaman Afyon Ağrı Aksaray Amasya Ankara Antalya Ardahan Artvin Aydın Balıkesir Bartın Batman Bayburt Bilecik Bingöl Bitlis Bolu Burdur Bursa Çanakkale Çankırı Çorum Denizli Diyarbakır Düzce Edirne Elazığ Erzincan Erzurum Eskişehir Gaziantep Giresun Gümüşhane Hakkari Hatay Iğdır Isparta İstanbul İzmir K.Maraş Karabük Karaman Kars Kastamonu Kayseri Kırıkkale Kırklareli Kırşehir Kilis Kocaeli Konya Kütahya Malatya Manisa Mardin Mersin Muğla Muş Nevşehir Niğde Ordu Osmaniye Rize Sakarya Samsun Siirt Sinop Sivas Şanlıurfa Şırnak Tekirdağ Tokat Trabzon Tunceli Uşak Van Yalova Yozgat Zonguldak
Samsun °C

Шиносоӣ бо лоиҳаи навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи тоҷик» дар шаҳри Турсунзода

Шиносоӣ бо лоиҳаи навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи тоҷик» дар шаҳри Турсунзода
REKLAM ALANI
27.05.2023
A+
A-

 

 

 

Шиносоӣ бо лоиҳаи навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи тоҷик» дар шаҳри Турсунзода

.2023 , шаҳри Душанбе

24 майи дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи тоҷик» шинос шуданд.

Таҷдиду навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и «Ширкати алюминийи тоҷик» бо дарназардоштаи талаботи муосир дар се марҳила амалӣ гардида, ҳадаф аз он афзоиш додани устувории саноати металлургӣ мебошад.

Муҳлати амалишавии марҳилаи аввали лоиҳа 14 моҳро ташкил медиҳад ва иқтидори истеҳсолӣ дар ин марҳила 80 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол мебошад.

Марҳилаи дуюми таҷдиду навсозӣ солҳои 2025 – 2026-ро дар бар гирифта, дар индавра қисми боқимондаи силсилаи 6-и истеҳсолоти электролиз навсозӣ карда шуда, филизи истеҳсолшаванда дар як сол 70 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод.

Дар марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳа, ки 14 моҳ муқаррар гардидааст, силсилаи 5-и истеҳсолоти электролиз пурра навсозӣ ва дар он технологияҳои нави истеҳсоли алюминий васлу насб мегардад. Иқтидори истеҳсолӣ дар ин марҳила аз рӯи лоиҳа 150 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол мебошад.

Таҷдиду навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи тоҷик» дар заминаи асосноккунии техникӣ – иқтисодии ширкати чинии «GAMI» дар ҳамкорӣ бо «China machinery engineering corporation» бо истифода аз навтарин технологияҳои системаи автоматонии идораи равандҳои технологӣ ва таъминоти худкори гилхок сурат мегирад.

Аснои муаррифии лоиҳаи навсозии силсилаҳои мазкур иттилоъ дода шуд, ки татбиқи пурраи он дар асоси талаботи муосир имкон медиҳад, ки истифодаи қувваи барқ зиёда аз як маротиба коҳиш дода шуда, маҳсулнокии гилхок, алюминийи фтордор, криолит ва анод ба маротиб беҳтар карда шавад. Зеро ба гуфти масъулон технологияи мавҷудаи электролизёрҳо дар ширкат, ки қисми зиёди онҳо ба солҳои пеш тааллуқ доранд, аллакай куҳна гардида, боиси талафёбии гилхок ва ифлосшавии он шуда, хароҷоти меҳнатро афзун менамоянд.

 

 

 

 

Ҷорӣ намудани технологияи пешқадами ҷаҳонӣ дар раванди истеҳсолот бо навсозии пурраи силсилаҳои 5 ва 6-и «Ширкати алюминийи тоҷик» то соли 2027 иқтидори истеҳсолиро то 300 ҳазор тонна дар як сол мерасонад.

Ба андешаи мутахассисон васлу насби технологияи нави истеҳсолӣ имкон фароҳам месозад, ки тавассути сарфаи неруи барқ, автоматикунонии раванди истеҳсолот, риояи меъёрҳои технологии истеҳсолот ва баланд шудани сифати маҳсулоти ниҳоӣ арзиши алюминий коҳиш дода шавад.

Ҳамин тариқ, паз аз навсозии пурра ва дубора ба фаъолият оғоз кардани силсилаҳои мазкур 1 ҳазору 500 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи навсозии технологияи истеҳсоли алюминий дар силсилаҳои 5 ва 6 ба масъулон ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд анҷом додани тадбирҳои бунёдкориву муҷаҳҳазсозӣ дастурҳои мушаххас доданд.

«Ширкати алюминийи тоҷик» аз зумраи истеҳсолкунандагони азими ҷаҳонии алюминий буда, дар асоси татбиқи тадбирҳои созанда тайи солҳои зиёд нуфузи худро ҳамчун ширкати аз ҳама босуръат рушдкунандаи мамлакат нигоҳ доштааст. Маҳсулоти истеҳсолии ин корхонаи азими саноатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй буда, дар бозорҳои ҷаҳонӣ харидорӣ зиёд доранд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки бунёду ба истифода додани корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ дар мамлакат дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, ки ошёи хоми ватанӣ то марҳилаи ниҳоӣ коркард шуда, бо ин васила ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот афзоиш дода шавад ва барои шаҳрвандон ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30732?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

REKLAM ALANI
YORUMLAR

Henüz yorum yapılmamış. İlk yorumu yukarıdaki form aracılığıyla siz yapabilirsiniz.