Adana Adıyaman Afyon Ağrı Aksaray Amasya Ankara Antalya Ardahan Artvin Aydın Balıkesir Bartın Batman Bayburt Bilecik Bingöl Bitlis Bolu Burdur Bursa Çanakkale Çankırı Çorum Denizli Diyarbakır Düzce Edirne Elazığ Erzincan Erzurum Eskişehir Gaziantep Giresun Gümüşhane Hakkari Hatay Iğdır Isparta İstanbul İzmir K.Maraş Karabük Karaman Kars Kastamonu Kayseri Kırıkkale Kırklareli Kırşehir Kilis Kocaeli Konya Kütahya Malatya Manisa Mardin Mersin Muğla Muş Nevşehir Niğde Ordu Osmaniye Rize Sakarya Samsun Siirt Sinop Sivas Şanlıurfa Şırnak Tekirdağ Tokat Trabzon Tunceli Uşak Van Yalova Yozgat Zonguldak
Samsun °C

Ифтитоҳи ҶДММ «Сипар гурӯҳ» дар шаҳри Турсунзода

Ифтитоҳи ҶДММ «Сипар гурӯҳ» дар шаҳри Турсунзода
REKLAM ALANI
27.05.2023
A+
A-

 

 

 

Ифтитоҳи ҶДММ «Сипар гурӯҳ» дар шаҳри Турсунзода

.2023 , шаҳри Турсунзода

24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Турсунзода Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сипар гурӯҳ» – ро ба истифода доданд.

Корхонаи «Сипар гурӯҳ» дар доираи «Солҳои рушди саноат», 2022 – 2026 ва татбиқи ҳадафҳои «Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» сохта шуда, самти фаъолияти асосии он ба ҷамъу васлсозии мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ равона гардидааст.

Дар корхонаи навбунёд, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таъсис ёфтааст, дар марҳилаи аввал бо ворид намудани қисмҳои алоҳида аз хориҷи мамлакат ҷамъу васли 17 намуд нақлиёти махсус ба роҳ монда шудааст ва оянда ин нишондод афзоиш дода мешавад.

 

 

 

 

Тавре иттилоъ дода шуд, қисмҳои алоҳида барои омода намудани нақлиёти махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ асосан аз Ширкати «STREIT GROUP» -и Амороти Муттаҳидаи Араб дастрас мегардад.

Иқтидори солонаи корхонаи нави саноатӣ ҷамъу васли 120 нақлиёт мебошад ва оянда бо назардошти талабот ин рақам афзоиш хоҳад ёфт.

Мошинҳои омодашаванда дар ин корхона барои таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд. Ҳамчунин оянда содироти он ба кишварҳои хориҷ дар назар аст.

Таъсис ва ба фаъолият оғоз кардани иншооти нави саноати мошинсозӣ, ки дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда шуд, аз иқдомҳои муҳиму самарабахш дар самти рушди ин соҳа дар мамлакат дониста мешавад.

Дар заминаи ба фаъолият оғоз намудани корхона дар шаҳри Турсунзода 100 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардид.

Дар асоси нақша кормандони корхона оянда аз ҷониби маъруфтарин ширкатҳои мошинсозии соҳавии кишварҳои пешрафта ба курсҳои кутоҳмуддати омӯзишии ҷамъу васлсозии ин намуди нақлиёт ҷалб карда мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо раванди истеҳсолот ва санҷиши техникии аввалин мошинҳои дар ин корхона омодашуда шинос шуданд.

Мутобиқати нақлиёти корхонаи мазкур аз рӯи баҳодиҳии мутахассисони соҳа ҷавобгӯ ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонии мошинсозӣ мебошад.

Бунёди корхонаи нақлиётсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдомҳои назаррас дар самти татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат буда, ба таъкиди масъулон барои таъмир ва истеҳсоли дигар намуди техникаҳо дар дохил заминаи мусоидро ба вуҷуд меорад.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30733?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

REKLAM ALANI
YORUMLAR

Henüz yorum yapılmamış. İlk yorumu yukarıdaki form aracılığıyla siz yapabilirsiniz.